Маҷнуни Баҳром

Директори барномаҳо, ровӣ

Санаи таваллуд
12.07.1997
Ҷои таваллуд
Тоҷикстон
Бахшҳо

Хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Ҳанӯз дар айёми донишҷӯӣ ба сухан, адабиёт ва санъати ҳикоят майлу рағбат пайдо карда буд. Таҳсилот ва алоқамандии ӯ ба забон таҳкурсии мустаҳкам барои фаъолияти шуғлии оянда гардиданд.

Фаъолияти касбии худро дар соли 2019 оғоз намуд. Ба ҳайси рӯзноманигор, муаллим ва ровӣ дар радиои «Имрӯз» кор кардааст. Дар ин муддат ӯ таҷрибаи арзишманде андӯхт, ки бо шаофати он ӣаргузории муоишират бо шунавандагонро омӯхт. Эфирҳои ӯ ҳамеша саршор аз маънои амиқ ва рағбати зинда ба одамон аст.

Маҷнун муаллифи чандин барномаҳои радиоии маърифатию шавқовар ва ҳамчунин мақолаҳои илмию оммавӣ аст. Мавзуъҳои лоиҳаҳои ӯ гуногунанд – аз фарҳанг то таҳсилот, аз воқеиятҳои ҳамарӯза то ақидаҳои фалсафӣ. Ҳар як барнома дорои ғояе мебошад, ки ӯ саъй мекунад онро бо самимият ва соддаю осонфаҳм бирасонад.

Маҷнун соҳиби ҳиссиёти хоси забон ва пешниҳоди мавод буда, ҳар як мавзуъро ба ҳикояи зинда ва наздик табдил медиҳад. Эфири ӯ – ин на танҳо ҷараёни иттилоот, балки рӯҳия низ ҳаст, ки барои муддатҳои тӯлонӣ бо шунавандагон мемонад. Ӯ қодир аст бо раванди лаҳни нутқро нозук эҳсос кунад ва фазои бовариро эҷод намояд.

Ӯ бадеият, ҳаҷв ва идрокро ба ҳам пайваста, фазои беназири радиоиро  меофарад. Шунаванда бо шарофати лаҳн, тимсолҳо ва ҷалбсозӣ ба осонӣ ба фазои барномаҳои ӯ фурӯ меравад. Ӯ метавонад таваққуфро “нигаҳ дорад”, сари вақт шӯхӣ кунад ва ҳар як нафареро, ки назди дастгоҳи радио аст, ба гуфтугӯ ҷалб намояд.

Шиори ӯ дар зиндагӣ: «Агар сухан ҷону рӯҳр таъсир расонад, пас эфир беҳуда зиндагӣ накардааст».

© 2026 Радиои «Navo 96.5FM»Хадамоти рекламавӣ:+992 (48) 8888100